Дар Хуҷанд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба бокс оғоз гардид

Ноябрь 11, 2025 16:18

ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба бокс байни наврасон оғоз гардид, ки то 13 ноябр идома меёбад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мусобиқа беш аз 120 варзишгар аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилояти Суғд, инчунин дастаҳо аз ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Қирғизистон бо ҳам рақобат менамоянд.

Ин мусобиқа на танҳо ба муайян кардани варзишгарони беҳтарин, балки ба хотири тақвияти дӯстии ҷавонони давлатҳои ҳамсоя ва мубодилаи таҷриба байни мураббиён нигаронида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа 13 ноябр ҷамъбаст ва ғолибону ҷоизадорон бо медал ва Ифтихорнома қадрдонӣ мегарданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Ноябрь 11, 2025 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад