Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ вазъи соҳаи роҳу нақлиёт ва таҳлили сатҳи рақамикунонии соҳа баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.11.2025. /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Рақамикунонии соҳаи нақлиёт ҳамчун омили баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода иброз дошт, ки рушду инкишофи соҳаи нақлиёт яке аз омилҳои асосии пешрафти иқтисоди миллӣ ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои минтақа ва дигар шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Хайриддин Усмонзода таъкид намуд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани кишварро ба давлати транзитӣ, яке аз ҳадафҳои стратегӣ муайян намуд. Аз ин ҷост, ки як қатор барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025», «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023–2028» ва «Барномаи рушди низоми логистика барои солҳои 2023–2028» қабул гардида, бо ҷалби сармоя ва маблағгузориҳои назаррас амалӣ шуда истодаанд.
Таъкид шуд, ки амалӣ гардидани ин барномаҳо имконият фароҳам меорад, ки инфрасохтори нақлиётӣ беҳтар гардида, ҳаҷми боркашонии байналмилалӣ ва транзитӣ дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш ёбад.
«Дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ ҳиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст, ки сабабҳои асосии он, дастрас нагардидани саривақтии рухсатномаҳо аз баъзе кишварҳо ва истифодаи нокифояи имкониятҳои мавҷуда аз ҷониби ширкатҳои нақлиётӣ ба ҳисоб меравад»,-гуфт Директори марказ.
Дар ҷараёни кори конфронс як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла муайян намудани мавқеи иқтисоди рақамӣ дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳият ва зарурати рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ дар замони муосир, таъсири рушди иқтисоди рақамӣ ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт, арзёбии дастовардҳои иқтисоди рақамӣ, дурнамои нишондиҳандаҳои иқтисоди рақамӣ ва самтҳои асосии такмил додани хизматрасониҳо дар соҳа ва баҳодиҳӣ ба вазъи технологияҳои инноватсионӣ, инчунин стратегияи рушди иқтисоди рақамӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар мавриди таҳлилу баҳодиҳӣ қарор дода шуданд.
Иштироккунандагони конфронси илмию амалӣ муаммоҳои рақамикунонии соҳаи нақлиётро, хусусан дар мисоли нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, банақшагирии хатсайрҳо ва назорати самараноки ин соҳаи муҳимми хизматрасонӣ мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор дода, якчанд пешниҳодҳои худро барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ, дар доираи кори конфронс баён намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки дар шароити имрӯзаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон рақамикунонии соҳаи нақлиёт на танҳо воситаи баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, балки омили муҳимми таъмини рушди устувор ва ташаккули иқтисоди сабз ба шумор меравад, ки ба ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат мувофиқ арзёбӣ мегардад.
Ҳадафи асосии баргузор намудани конфронс пеш аз ҳама, аз баррасии вазъи соҳаи роҳу нақлиёт ва таҳлили сатҳи рақамикунонии соҳа, ки омили калидии тадбиқи стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳои бахшидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ба шумор меравад, унвон гардид.
АКС: Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«IT HUB DUSHANBE». Бо бунёди ин маҷмаа Душанбе ба шаҳри интелектуалӣ, рақамӣ ва инноватсионии Осиёи Марказӣ табдил меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисориро ошкор намуд
Аз Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 4298 тонна ангур содирот шудааст
Дар назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Маркази ҳифзи маълумот таъсис дода шуд
Дар Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувори СММ мавқеи Тоҷикистон оид ба рушди устувор муаррифӣ шуд
Дар Душанбе Машварати чоруми вазирони саноати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир мешавад
Дар шаҳри Сиани Чин ҳамоиши соҳибкорони вилояти Суғд ва музофоти Шэнсӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Тоҷикистон 889,4 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омадааст
Аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 40 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст
Дар ноҳияи Шуғнон беш аз 720 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе Озмоишгоҳи нави ҷумҳуриявии санҷиши сифати маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода мешавад
Ҳамкории вилояти Суғд бо ширкатҳои чинӣ густариш меёбад






