Дар намоишгоҳи байналмилалии Пекин нигораҳои нодири Тоҷикистонро беш аз 1 миллион нафар тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 28.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 27 август то 15 ноябр дар Осорхонаи миллии Чин дар шаҳри Пекин таҳти унвони «Мероси фарҳангии осорхонаҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай» намоиши байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он аз Тоҷикистон 24 нигораи нодир ба маърази тамошо гузошта шуд.
Тавре аз Осохонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин муддат тибқи маълумоти омории масъулини Осорхонаи миллии Чин, осори антиқаи халқи тоҷикро беш аз 1 миллиону 400 ҳазор нафар тамошо намудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки нигораҳо фарогири асрҳои V–IV то мелод то асри XX буданд.
Қадимтарин нигораи гӯшаи Тоҷикистон ҷузъи тахти шоҳӣ дар шакли сари гӯсфанди кӯҳӣ буд, ки аз Исфарасойи шаҳри Конибодом ёфт шуда, ба асри V то мелод тааллуқ дорад.
Ёдгории Панҷакенти Қадим (асрҳои V–VII мелодӣ), ки дар ҷаҳон ҳамчун «Помпейи Шарқ» маъруф мебошад, аз муҳр ва санге бо катибаи суғдӣ иборат аст. Кӯзаву зарфҳои сафолӣ ва мисӣ бо катибаҳо аз авҷи аълои ҳунарҳои мардумӣ дар «асри тиллоӣ» — давраи Сомониён (асрҳои IX–X мелодӣ) дарак медиҳанд. Ҳамчунин дар намоиш намунаҳои ашёи мисӣ, аз қабили кӯза ва дастшӯйҳо бо тасвирҳои оҳу ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Намунаҳои асбоби мусиқӣ, ки дар ин намоиш пешниҳод гардида буданд, бозгӯи маҳорати баланди санъати мусиқии тоҷикон мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки намоиши «Мероси фарҳангии осорхонаҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай», ки дар шаҳри Пекин доир гардид, ба густариши мубодилаи фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мусоидат намуд. Он дар шинохти таъриху фарҳанги бисёрҳазорсолаи миллати тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ нақши назаррас дорад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад






