Дар ноҳияи Данғара сохтмони навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Себистон» идома дорад
ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар зеристгоҳи барқии 220/35/6 кВ-и «Себистон»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонии навбати дуюм идома доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Аз ҷониби филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Бохтар насбу васли трансформаторҳои қудратии навъи SFSZ-25 МВА дар марҳилаи анҷом қарор дорад.
Мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот ба таъмини устуворӣ ва эътимоднокии интиқоли барқ ба корхонаҳои саноатӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ ва аҳолии ноҳияи Данғара мусоидат менамояд. Инчунин бо ба кор даровардани зеристгоҳи дуюм дар низоми энергетикӣ сарборӣ кам мегардад. Он дар таҳкими иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ ва татбиқи барномаҳои рушди энергетикии миллӣ нақши муҳим мегузорад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид






