Дар Ню-Йорк имконияти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Ноябрь 14, 2025 10:26

ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар шаҳри Ню-Йорк таҳти унвони «Имконоти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон» чорабинӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид.

Чорабинӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкории иқтисодии байналмилалӣ иброз дошта, гуфт, ки афзалияти стратегии давлати мо ба пешбурди рушди устувор, дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои ҷалби сармоягузориҳои дарозмуддати хориҷӣ нигаронида шудааст.

Дар доираи чорабинӣ намояндагони ҷомеаи тиҷоратӣ, муассисаҳои сармоягузорӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои шиносоӣ бо имконияти фарохи сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии роҳҳои нави ҳамкорӣ ҷамъ омаданд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Ноябрь 14, 2025 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»