Дар шаҳри Гулистон масъалаи бехатарии радиатсионӣ ва идоракунии партовҳои радиоактивӣ баррасӣ гардид

Ноябрь 4, 2025 15:46

ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар  шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ баргузор  шуд, ки дар он дурнамои лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли масъалаҳои мероси уран дар Осиёи Марказӣ»  (марҳилаи III),  муҳокима гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  хабар доданд.

Дар рафти ҷаласа намояндагони мақомоти маҳаллӣ, коршиносон ва мутахассисони Агентӣ вобаста ба татбиқи лоиҳа, дастовардҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ояндаи онро муҳокима намуданд.

Марҳилаи сеюми лоиҳа бо мақсади густариши ҳамкорӣ, мубодилаи таҷриба ва ташаббуси озмоишӣ барои мусоидат ба барқарорсозии минтақаҳои урандор равона шудааст. Лоиҳа ба кам кардани хатарҳои экологӣ ва иҷтимоии марбут ба партовҳои ҷамъшудаи уран, ки аз фаъолиятҳои истихроҷи маъдан дар даврони пеш аз соҳибистиқлолӣ ба вуҷуд омадаанд, нигаронида шудааст.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба пешрафти лоиҳа, мушкилот ва дурнамои барқарорсозии мавзеъҳои мероси уран, бехатарии радиатсионӣ ва идоракунии партовҳои радиоактивӣ баррасӣ шуд.

Инчунин дар рафти ҷаласа ба иштирокчиён дарсҳои амалӣ оид ба истифодаи дозиметрҳо ва   нақшаҳои амалие, ки барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар минтақаҳои мақсаднок равона шудаанд, пешниҳод гардид.

Дар хотимаи чорабинӣ масъалаи тақвияти  ҳамкорӣ байни  ҷонибҳои манфиатдор барои таъмини бехатарии радиатсионӣ ва ҳифзи саломатии сокиноне, ки дар наздикии мавзеъҳои мероси уран зиндагӣ мекунанд, таъкид карда шуд.

 АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ

 

                         

Ноябрь 4, 2025 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад