Дар шаҳри Москва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок намуд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода таъкид дошт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба Сарвари давлат ва таҷассуми эҳтиром ба заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакат мебошад.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода аз талошу ҷонбозиҳои Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди соҳаҳои ҳаётии ҷомеа ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки Президенти Тоҷикистон намунаи олии ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқу Ватан мебошанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ба як зумра фаъолон медал ва Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия













Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






