Дар Теҳрон ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид

Ноябрь 24, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавии Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Эрон масъалаҳои амалисозии тавофуқоти ҳосилшуда дар сафарҳои охири сатҳи олӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанба байни  ду мамлакатро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба баргузории чорабиниҳои муштараки минбаъда ва нақши онҳо дар тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон табодули назар намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

 

Ноябрь 24, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд