Дар Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна картошка истеҳсол гардидааст
ДУШАНБЕ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. То моҳи ноябр дар мамлакат 1 миллиону 263 ҳазору 242 тонна картошка истеҳсол гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ёдовар мешавем, ки 29 ноябр дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе Фестивали намоиш-фурӯши картошка баргузор мешавад. Фестивали намоиш-фурӯши картошка соли чорум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
Дар соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳим картошкапарварӣ маҳсуб мешавад. Зеро сокинони мамлакат онро нони дуюм меҳисобанд. Аз ин лиҳоз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба ин бахши муҳим диққати махсус равона гардидааст. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ мамлакати аз ҳама зиёд картошкапарвар аст. Меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон барои як нафар дар як сол 92 килограмм аст. Яъне, барои таъмини аҳолии мамлакат дар як сол тақрибан 830 ҳазор тонна картошка истеҳсол кардан зарур аст.
Мувофиқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, дар дунё 52 фоизи ҳосили картошка барои ғизои одамон, 34 фоиз барои хӯроки ҳайвонот, 10 фоиз барои тухмӣ ва қариб 4 фоиз барои истеҳсоли оҳар (крахмал) ва спирт сарф мегардад.
5 майи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ бо раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод доир ба муташаккилона, сари вақт ва босифат анҷом додани корҳо ва истифодаи босамари ҳар қитъа замини корам дастуру тавсияҳо доданд. Таъкид гардид, ки ба кишти картошка, ки нони дуюм номида мешавад, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то аз он ҳосили фаровон рӯёнида шавад.
Ба иттилои олимони соҳаи кишоварзӣ, картошка дар системаи киштгардони зироат ҳамчун зироати пешкиштшаванда хуб дониста мешавад, зеро баъди кишти он қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона хеле кам мешаванд. Картошка ҳамчун зироат асосан ба воситаи лӯндаҳо парвариш меёбад.
Дар Тоҷикистон картошка дар минтақаи водии Рашт, ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи вилояти Суғд, водии Ҳисор ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвариш мешавад, ки навъи беҳтарини он ба минтақаи Рашт рост меояд.
Ба маълумоти олимони соҳаи кишоварзӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини бештари аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ аз истифодаи самараноку оқилонаи замин ва захираи ин навъи маҳсулот вобаста мебошад.
Коршиносон бар ин назар ҳастанд, ки захира намудани навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ тавозунро дар бозори истеъмолӣ нигоҳ дошта, сокинон бо маҳсулоти ватанӣ таъмин мегарданд. Барои гирифтани ҳосили фаровон кишоварзон бояд аз техника ва усулҳои муосир низ истифода намоянд. Ҳамчунин сохтани анбори муосири нигоҳдорӣ зарур аст, зеро бо вуҷуди истеҳсоли зиёди картошка агар шароити мувофиқи нигоҳдорӣ вуҷуд надошта бошад, қисми зиёди маҳсулот талаф меёбад.
Ба тавсияи табибон, хусусияти хоси картошка ин аст, ки миқдори зиёди витамини В6 дорад, дорои миқдори зиёди микроэлементҳо, аз қабили калий, мис, фосфор ва кислотаи никотин мебошад. Инчунин барои организм антиоксидант аст, зеро дорои фитонутриент мебошад, ки пайвастагиҳои зарароварро тоза мекунад. Сафедаҳое, ки дар таркиби сабзавот мавҷуданд, ба нест кардани радикалҳои озод мусоидат менамоянд, ки он ба зебоӣ ва чандирии пӯст таъсир расонида, пиршавии бармаҳалро пешгирӣ менамояд.
Картошкаи обпаз барои кам кардани вазн кумак мекунад. Вале истеъмоли зиёди картошкаи бирён вазни инсонро бештар месозад. Зеро дар он миқдори зиёди чарбҳо ва карбогидратҳо мавҷуд аст, ки сабаби афзоиш ёфтани вазни бадан мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 30 май дар Перу Рӯзи миллии картошка (Dia Nacional de la Papa) ҷашн гирифта мешавад. Инчунин картошка дар ин кишвар мероси фарҳангӣ ва ифтихори миллӣ маҳсуб мешавад.
Дар шаҳраки хурди Форт Фэрфилд дар ИМА аз 12 июл то 20 июл Фестивали гули картошка доир карда мешавад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






