Дар Тоҷикистон беш аз 611 гектар замин шудгор карда мешавад

Ноябрь 16, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шудгори барвақтӣ, ки дар фасли тирамоҳ гузаронида мешавад, барои ҳосили фаровон замина мегардад. Зеро замин як муддат дам гирифта, мулоим шуда, дар сардии ҳаво алафҳои бегона нобуд ва дар натиҷа ҳосили фаровон ба даст меояд. Чунин тавсия медиҳанд мутахассисони соҳаи кишоварзӣ.

Агар шудгор босифат гузаронида шавад, яъне хок хуб майда шуда, пору ва алафҳои бегона зери хок гардонида шаванд, дар ин ҳолат тухми алафҳои бегонаю ҳашароти зараррасон ва барангезандаи касалиҳо кам ва ё пурра нест мешавад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мамлакат имсол тибқи нақша дар 611 ҳазору 929 гектар шудгор гузаронида мешавад.

Ба иттилои мутахассисони соҳа, чуқурии шудгори тирамоҳӣ бояд аз 30 то 40 сантиметрро ташкил диҳад. Вақте муҳлати шудгор ва чуқурии он таъмин гардид, аз заминҳо ҳосили хуб рӯёнидан мумкин аст. Инчунин шудгори замин вобаста ба зироат гузаронида мешавад. Яъне барои пунбадона чуқурии он зиёда 40 сантиметрро бояд ташкил диҳад. Ҳамчунин дар вақти шудгор додани пору ба замин ҳатмӣ мебошад. Зимни шудгор хоки болои замин ба андозаи 40-50 сантиметр, яъне қариб ним метр чаппагардон карда мешавад, то тамоми ҳашароти зараррасони зироати кишоварзӣ нобуд гардад.

Мутахассисон иброз медоранд, ки агар кишоварзон баъди гузаронидани шудгор дар фасли сармо дар заминҳои кишти зироати гандум ва пахта яхоб монда бошанд, аз он замин метавон ҳосили баланду дилхоҳ рӯёнид. Зеро ҳангоми яхобмонӣ дар чуқурии ним метр ҳашароти мавҷуда нобуд мешаванд, ҳамчунин дар ин чуқуриҳо ба миқдори зиёд об захира мегардад, ки ин имкон фароҳам меорад дар мавсими пухтарасии ҳосили гандум ва пахта, яъне моҳҳои май-июн барои гандум ва июлу август барои пахта замини кишт аз намнокии иловагӣ, ки дар мавсими зимистон захира гаштааст, истифода барад.

Шудгори заминҳо тибқи таҷриба ва хулосаҳои илмӣ бояд дар нимаи дуюми моҳи ноябр гузаронида шавад. Дар ҳолати дермонӣ ва мусоид омадани обу ҳаво моҳи декабр низ заминро шудгор кардан мумкин аст. Хоҷагидорон ва мутахассисон бояд ин муҳлатҳоро самаранок риоя намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Ноябрь 16, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид