Дар Тоҷикистон Фестивали картошка баргузор мешавад

Ноябрь 28, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 28.11.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Пагоҳ, 29 ноябр дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе Фестивали намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад, ки дар он навъҳои гуногуни картошка пешниҳоди сокинон гардонида мешаванд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар фестивал аз ҷониби кишоварзони мамлакат навъҳои гуногуни картошка ба намоиш-фурӯш гузошта мешаванд.  Сокинони пойтахт имкон доранд, ки баъд аз анҷоми фестивал бо нархҳои дастрас картошка харидорӣ намоянд.

Ба маълумоти олимони соҳаи кишоварзӣ, картошка зироати асосии хӯрокворӣ барои аҳолии кураи Замин ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсол баъд аз гандум ва шолӣ картошка дар дунё ҷои сеюмро ишғол менамояд.

Зимни Фестивали намоиш-фурӯши картошка аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон картошкапарварони беҳтарин бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар» 

Ноябрь 28, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд