Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

Ноябрь 14, 2025 13:16

ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар даври чоруми озмун 434 довталаб иштирок менамояд

Дар даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 434 довталаб аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуда, байни ҳам маҳорат меозмоянд. Аз ҷумла, 74 довталаб аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 90 нафар аз вилояти Суғд, 90 нафар аз вилояти Хатлон, 90 нафар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 90 довталаб аз шаҳри Душанбе сабқат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.

Давоми 6 сол дар озмун зиёда аз 1 миллион довталаб иштирок намуд

Натиҷаҳои шаш соли баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ далели равшани таваҷҷуҳи рӯзафзун ба китоб ва дониш мебошанд.

Дар давраи солҳои 2019 то 2024 дар озмун 1 миллиону 153 ҳазору 616 нафар иштирок намуданд.

Аз ин шумора 772 ҳазору 923 нафар ё 67 фоиз занону духтарон мебошанд. Ин нишондиҳандаҳо бозгӯи он аст, ки озмун дар тарғиби дониш, рушди маърифати хонавода ва боло бурдани мақоми занону духтарон дар ҷомеа нақши муҳим дорад.

Дар даври якуми озмун зиёда аз 350 ҳазор нафар иштирок кард

 Тибқи маълумот, дар даври якуми озмун дар соли 2025   352 ҳазору 42 нафар иштирок карданд, ки аз ин шумора 235 ҳазору 840 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошанд.
Ширкати фаъолонаи кӯдакон ва наврасон нишон медиҳад, ки муҳаббат ба китоб дар дили насли наврас ҷойгир буда, ин муҳимтарин дастоварди озмун аст.

Соли 2025 маблағи озмун 100 фоиз зиёд карда шуд

Бо назардошти рӯ овардани шаҳрвандони мамлакат, бахусус насли наврас ба озмун бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотпулӣ барои ғолибони озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» аз мактабҳо сар карда, то сатҳи ҷумҳуриявӣ 100 фоиз зиёд карда шуд. Ин иқдоми оқилонаи фарҳангӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва авҷ гирифтани фаъолияти равияву гурӯҳҳои ифротию тундрав барои ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхона ва китобхонӣ тадбири мубраму саривақтӣ ба шумор меравад.

Бояд таъкид намуд, ки имсол мукофотпулӣ барои ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ду баробар зиёд карда шуда, маблағи умумӣ барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медиҳад ва мутаносибан барои ғолибони ҷойи сеюм 40 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 14, 2025 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». 14 ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
10 нафар омӯзгор ва донишҷӯйи Донишгоҳи техникӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» муайян гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 86 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 27 октябр маросими қадрдонии ғолибони ҷойҳои ифтихории даври ҷумҳуриявии озмун доир мешавад
27 октябр Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид