Кишоварзон дар беш аз 4 ҳазор гектар кишти пиёзи барвақтӣ гузарониданд

Ноябрь 9, 2025 10:25

ДУШАНБЕ, 09.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. То оғози моҳи ноябр  дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии мамлакат  дар 43 872 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироат гузаронида шудааст, ки аз он пиёзи барвақтӣ 4477 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Кишти тирамоҳии пиёзро даҳаи дуюми моҳи сентябр мегузаронанд.  Нешзадҳо охирҳои  моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр  пайдо  шуда, то зимистон 8-10 сантимерт қад  мекашанд. Кишти чунин пиёз аввал ва миёнаҳои моҳи май, яъне се моҳ пас аз кишти аввалибаҳорӣ  ҷамъоварӣ мешавад.

Дар вақти парвариши пиёз растаниҳо гулпоя медиҳанд, ки онҳоро баробари пайдо шуданашон канда партофтан зарур аст. Барои пиёзкорӣ заминҳои хокашон мулоими  серпору ва аз алафҳои бегона тозабуда мувофиқ аст. Хоки сергили вазнин ва сералаф барои  кишти пиёз мусоид  нест. Дар чунин хок нешзадаҳо аз сафолак осеб дида, хеле тунук  мерӯянд.

Барои пиёзкорӣ баъди зироати карам, бодиринг, помидор кишту парвариш хуб мебошад. Баъди ин  зироат майдон  аз алафҳои бегона тоза мешавад. Дар ҳамон як майдон танҳо баъди 4 сол пиёз коштан  мумкин аст. Пиёз  ба нуриҳои  органикию  минералӣ  серталаб  аст, аммо  андохтани  поруи  нав  таъсири  манфӣ  дорад, зеро он пухта расидани пиёзро  кашол медиҳад, аксар вақт касал шуда, нигоҳдориаш  бад  мегардад.  Инчунин  ҳангоми  андохтани  поруи  нав  дар  киштзор  алафҳои  бегона  зиёд  мешаванд, ки  барои  тоза  кардани  он  меҳнати  иловагӣ  зарур  мешавад. Аз ин рӯ,  поруи  навро  ба  зироати  пешинакишт  андохтан  лозим аст.  Ба  ҳар гектар  20-30  тонна  поруи  пӯсида  пеш  аз  шудгори  тирамоҳӣ  меандозанд.  Хуб  мешуд,  агар  якҷоя  бо  пору  ба  ҳар  гектар  барои як сотих 5-6 кг  суперфосфат  ва  1-1,3  кг сулфати калий андохта мешуд.

Олимони кишоварзии мамлакат барои онҳое, ки замини наздиҳавлигӣ доранд, парвариши пиёзро манфиатбахш арзёбӣ мекунанд. Ба тавсияи олимон дар шароити хона, баъди шудгор (побел) кардан, заминро бо каланд нарм намуда, кулӯхҳоро майда карда, заминро ҳамвор  кардан лозим аст. Баъд аз ин, вобаста ба муҳлати кишт ҷӯякҳоро дар масофаи 45-70 сантиметр кашидан зарур аст.  Тухмиро дастӣ ба болои пуштаҳо пошида, коридан лозим аст.  Дар вақти пошидани тухмӣ  кӯшиш кардан даркор аст, ки тухмӣ ба рӯи замин якхела пош хӯрда,  дар  як ҷой ғафсу  дар  ҷои  дигар  тунук  наафтад.  Баъд аз коридан тухмии пошидаро бо хаскашак зери  хок  кардан  лозим аст. Дар  вақти  бо хаскашак зери хок кардан, якбора кулӯхчаҳоеро, ки  ҷамъ мешаванд, кӯфта, майда мекунанд.

Кишти пиёзро ду маротиба ягонаю хишова мекунанд. Ягонакунии якумро баъди себарга шудан мегузаронанд, ки фосилаи байни растаниҳо бояд 3-4 сантиметр монад.  Ягонакунии дуюмро баъди як моҳи дигар мегузаронанд ва фосилаи байни растаниҳоро 5-6 см мемонанд.

Пиёз зироати ба об серталаб мебошад, бинобар ин, бо сабаби кам шудани  намии хок ҳосили пиёз ҳам кам мешавад.  Миқдори  обмонии пиёз ба шароти иқлим (боду  ҳаво), сохтори хок ва талаботи худи растанӣ вобастагӣ дорад.  Вобаста  ба  шароити  мазкур ба кишти пиёз аз 10 то 12 маротиба об мондан зарур аст.

Пиёзи киштнамудаи барвақтӣ ва тирамоҳи аввали фасли баҳор барои ҷамъоварӣ омода мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 9, 2025 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид