Лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид
ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иборат аз ду қисм, бо фарогирии 40 боб ва 570 модда таҳия намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ва таъмини иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии мамлакат, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» ва «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» таҳия гардидааст.
Лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи қонунгузории амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ ва ҳуқуқшиносони варзида бо назардошти таҳлилу омӯзиши давра ба давраи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва таҷрибаи мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия гардидааст.
Он ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқии кодификатсионии дорои хусусияти комплексӣ маҷмуи муносибатҳои ҳуқуқии соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табииро ба танзим медарорад.
Лоиҳаи Кодекс барои баррасӣ ба доираи васеи мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ, ҷомеаи илмӣ ва доираи васеи шаҳрвандон- шахсони воқеию ҳуқуқӣ пешниҳод мегардад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






