Масъалаи тақвияти ҳамкории «Амонатбонк» бо Хазинаи байналмилалии асъор дар Душанбе баррасӣ шуд

Ноябрь 5, 2025 11:11

ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масоили марбут ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба байни «Амонатбонк» ва Хазинаи  Байналмилалии Асъор дар мулоқоти раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, раиси Раёсати «Амонатбонк»  аз натиҷаи фаъолияти Бонк дар 9 моҳи сипаригардидаи соли 2025 маълумот пешниҳод намуд.

Алиҷон Салимзода иброз дошт, ки «Амонатбонк» ҳамчун институти молиявии давлатӣ ва яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон дар  доираи амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, фаъолияти густурда дорад.

Дар  мулоқот ҷонибҳо масоили васеи ҳамкории дуҷониба, аз қабили бизнес-модели Бонк, сарчашмаҳои даромад, хароҷотҳо барои маблағгузорӣ ва иҷрои уҳдадориҳо дар назди мизоҷон, масоили сармоягузорӣ, қарздиҳӣ, риояи талаботи низомҳои байналмилалӣ ва комплаенсро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Баррасии вазъи бахши молиявии «Амонатбонк» дар 9 моҳи соли 2025 бо дарназардошти таъсири омилҳои беруна, инчунин арзёбии дурнамои ҳамкории оянда бо Хазинаи байналмилалии асъор аз ҳадафҳои асосии мулоқот арзёбӣ гардид.

Дар маҷмуъ,  мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо омодагии худро изҳор намуданд.

            АКС: «Амонатбонк»

 

Ноябрь 5, 2025 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1105 то 11.1395 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1400 то 11.1787 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1200 то 0.1212 сомонӣ муқаррар шудааст
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5749 то 9.6500 сомонӣ муқаррар шудааст