Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми Созмони ҳамкории Шанхай оид ба рушди устувор иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Форуми Созмони ҳамкории Шанхай оид ба рушди устувор баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Дар форум намояндагони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва давлатҳои нозир иштирок намуданд.
Ашурбой Солеҳзода изҳор намуд, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва зеҳни сунъӣ, инчунин қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд. Ин ҳама мамлакати моро дар масъалаҳои рушди устувор дар ҷаҳон пешсаф гардонид.
Дар ҳуҷҷатҳои асосии стратегии Тоҷикистон масъалаҳои рушди «сабз», табодули рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, мутобиқшавӣ ва пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳо афзалият ба ҳисоб мераванд.
Бо ташаббуси Тоҷикистон «Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2030» қабул гардид, ки дар он Ҳадафҳои рушди устувор ҳамгироӣ шудаанд. Дар заминаи ин стратегия дигар ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла барномаҳо ва харитаи роҳи муштарак қабул карда мешаванд.
Тавре Ашурбой Солеҳзода иброз дошт, Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳия ва татбиқи самараноки ин ҳуҷҷатҳо бо ҷонибҳои ҳавасманд ҳамкорӣ менамояд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад






