Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар 7 сол 30 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» шуруъ аз моҳи сентябри соли 2018 то моҳи ноябри соли 2025 30 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Неругоҳ 13 сентябри соли 2018 дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ба истифода дода шуда, дорои иқтидори 1500 кВт ( ду агрегат 750 кВт) мебошад. Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» аз лиҳози ҷойгиршавӣ дар мавзеи баландкӯҳ баъди неругоҳи барқи обии хурд бо тавоноии ҳамагӣ 15 кВт дар Непал аз ҷиҳати мавқеъ дар дунё ҷойи дуюмро ишғол менамояд.
Баландии сарбанди неругоҳ 64 метр ва дарозии он 12 метрро ташкил медиҳад. Сарбанди мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона сарбанде мебошад, ки дар он иншооти махсуси моҳигузар сохта шудааст. Ин сарбанд боиси он мегардад, ки болотар аз он ҳаҷми нисбатан зиёди об ба андозаи 2 миллион метри мукааб ҷамъ шавад. Ин ҳам барои неругоҳи барқи обӣ ва ҳам барои ҳифзи экологӣ, аз ҷумла моҳиҳо мувофиқ мебошад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






