Оид ба фаъолият ва рӯзгори сиккашиноси маъруфи тоҷик конфронси байналмилалӣ доир шуд

Ноябрь 16, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси илмии донишманд ва муҳаққиқи варзида, доктори илмҳои таърих, бостоншинос ва сиккашиноси маъруфи тоҷик шодравон Давлатхоҷа Довудӣ ва шахсияти ин олими барҷаста таҳти унвони «Саҳми Давлатхоҷа Довудӣ дар рушди илми бостоншиносӣ ва сиккашиносии Тоҷикистон» конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки конфронси байналмилалӣ барои табодули андешаҳо оид ба масъалаҳои таърих, бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ бо иштироки олимон, муаррихон ва пажуҳишгарони ватанӣ ва хориҷӣ гузаронида шуд.

Олимон, пажӯҳишгарон, намояндагони осорхонаҳо ва муассисаҳои илмӣ дар конфронс дар мавзуъҳои гуногун, ки фарогири фаъолияти илмии Давлатхоҷа Довудӣ буданд, маъруза намуданд.

Гуфта шуд, ки Давлатхоҷа Довудӣ яке аз поягузорони илми сиккашиносӣ (нумизматика) дар Тоҷикистон буда, оид ба таърихи иқтисодӣ, тиҷорат ва муомилоти пулӣ дар мамлакат таҳқиқоти арзишманд анҷом додааст. Ҳамзамон саҳми назарраси олим дар рушди бостоншиносӣ ва иқтисодшиносии таърихӣ таъкид карда шуд.

Конфронси байналмилалӣ барои баррасии натиҷаҳои таҳқиқоти устод Давлатхоҷа Довудӣ дар соҳаи сиккашиносӣ ва таърихи иқтисодӣ, шиносоии ҷавонон бо мактаби илмии ӯ, инчунин таҳкими робитаҳои илмӣ байни муассисаҳои таҳқиқотӣ ва осорхонаҳои кишварҳои минтақа ҳамчун минбари муҳими илмӣ арзёбӣ гардид.

Дар таърихи илму фарҳанги тоҷикон шахсиятҳое ҳастанд, ки бо заҳмати пайгирона, садоқат ба илм ва меҳри беандоза ба Ватан тавонистаанд пояҳои худшиносӣ ва донишҳои миллиро таҳким бахшанд. Яке аз чунин чеҳраҳои барҷаста муҳаққиқ ва омӯзгори шинохта, шодравон Давлатхоҷа Довудӣ мебошад, ки умри пурбаракати худро ба омӯзиши таърихи халқи тоҷик, махсусан давраҳои қадим ва асримиёнагӣ бахшидааст.

Имрӯз мероси илмии донишманди фидокор Давлатхоҷа Довудӣ, ки бо садоқати илмӣ ва муҳаббат ба Ватан илми тоҷикро ба сатҳи ҷаҳонӣ баровард, ҳамчун ганҷи бебаҳои фарҳанги миллӣ барои наслҳои оянда хизмат менамояд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст