Парвозҳои мустақим дар самти Машҳад – Душанбе – Машҳад оғоз гардид

Ноябрь 17, 2025 17:31

ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз парвозҳои мустақим дар самти Машҳад – Душанбе – Машҳад  оғоз гардид. Парвозҳо дар ин хатсайр аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Раймон Эйрлайнз» ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе  анҷом дода мешаванд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  оғози парвозҳо дар ин масир дар доираи таҳкими ҳамкории авиатсионӣ байни Тоҷикистон ва Эрон ба роҳ монда шудааст.    Парвозҳои мунтазам дар самти Машҳад – Душанбе – Машҳад аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Раймон Эйрлайнз» анҷом дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 ноябри соли равон  дар шаҳри Душанбе мулоқоти Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Пурфарзона баргузор гардид, ки зимни он парвозҳои мунтазам дар самти Машҳад – Душанбе – Машҳад ва хатсайри Киш – Душанбе – Киш баррасӣ гардида буд.

Бояд иброз намуд, ки дар доираи татбиқи сиёсати «Осмони кушод», ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, барои тамоми намуди хизматрасониҳо, фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ба андозаи 40 фоиз тахфиф пешбинӣ шудааст. Ин иқдом бо мақсади ҷалби ширкатҳои байналмилалии ҳавопаймоӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкории авиатсионӣ роҳандозӣ гардидааст.

Хотиррасон мешавем, ки то ин муддат байни ду мамлакат аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкати ҳавопаймоии «Вориш Эйрлайнз» парвозҳоро анҷом медоданд.

Мавриди тазаккур аст, ки дар идомаи ҳамкории судманд аз 28 ноябри соли 2025 оғози парвозҳои чартерии ширкати ҳавопаймоии «Киш Эйрлайнз» дар хатсайри Киш – Душанбе – Киш ба нақша гирифта шудааст.

    АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 17, 2025 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид