РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Бохтар сохтмони 17 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст

Ноябрь 9, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 09.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи саноат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Бохтар сохтмони 17 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора, 4 корхона дар соли 2025 ифтитоҳ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабар доданд.

Ин иншоот дар самтҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ ва таҷҳизоти маишӣ фаъолият хоҳанд кард. Баъди ба истифода додани онҳо, садҳо ҷойи нави кор таъсис ёфта, имкониятҳои истеҳсолӣ дар шаҳр ба маротиб афзун мегарданд.

Дар шаҳри Бохтар 58 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки онҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт ба рушди саноати ватанӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат менамоянд. Аз шумораи умумии ин корхонаҳо, 12 адад ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, 21 адад ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, 3 адад ба коркарди пахта, 12 адад ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва 10 адади дигар ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти чӯбин, чопи рӯзномаҳо ва дигар маводҳои полиграфӣ, истеҳсоли маводи шустушӯй, трансформаторҳо, дучарха, барқ ва об машғул мебошанд.

Фаъолияти ин корхонаҳо на танҳо талаботи бозори дохилии вилояти Хатлонро қонеъ месозанд, балки қисман ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ маҳсулот содир мегардад.

Бояд гуфт, ки сиёсати саноатикунонӣ, ки аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудааст, дар шаҳри Бохтар низ бо маром татбиқ мегардад. Бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии давлат шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ дар чанд соли охир афзоиш ёфтааст.

Дар ин замина масъулини шаҳр барои рушди минбаъдаи соҳа, дастгирии соҳибкорон, ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин ворид намудани технологияҳои муосир тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 9, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид