Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои таҳсилоти олии Туркия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар шаҳри Анқара мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо раиси Шурои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Туркия (YÖK) профессор, доктор Эрол Озвар баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкории дуҷониба дар самти таҳсилоти олӣ, ҳамкорӣ байни донишгоҳҳои олии ду мамлакат ва таҳкими робитаҳои муштараки фарҳангӣ ва илмиро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон зарурати густариши робитаҳо оид ба табодули таҷриба байни омӯзгорони макотиби олӣ ва афзоиш додани шумораи бурсияҳои таҳсилӣ таъкид карда шуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркия








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






