Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди корҳои созандагӣ ва ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилояти Хатлон шинос шуд

Ноябрь 13, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ва саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва коркарди он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба ноҳияҳои Хуросон ва Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон сафар кард.

Дар рафти сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Хуросон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи аграрии водии Заррин» шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур яке аз калонтарин корхонаҳои коркарди пахта дар ноҳия ба шумор меравад ва аз соли 2014 фаъолият дорад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар мавсим то 30 ҳазор тонна пахта буда, соли равон 26 ҳазору 400 тонна ашёи хомро коркард намудааст.

Бояд таъкид намуд, ки корхона бо таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, маҳсулоти он ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар корхона 120 коргари маҳаллӣ ба кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин ҳастанд.

Мавриди таъкид аст, ки кишоварзони ноҳияи Хуросон соли равон дар майдони 2 ҳазору 782 гектар кишти пумбадона гузаронданд.

Дар доираи сафари корӣ Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Кӯшониён аз хоҷагии деҳқонии «Ёрмуҳаммад» дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур аслан ба пахта ва сабзавоткорӣ машғул буда, дорои 7 гектар замини корами обӣ аст.

Дар хоҷагии мазкур фаъолияти гармхонаҳои доимоамалкунанда ба таври муосир ба роҳ монда шуда, дар он ниҳоли помидор, бодиринг, карам ва қаламфур парвариш меёбад.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки кишоварзон дар оянда барои афзун намудани истеҳсоли сабзавот аз тухмиҳои серҳосил ва мутобиқ ба иқлим истифода намуда, бо истифода аз агротехникаи муосир дар фаровонии бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда гузоранд.

Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Кӯшониён бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ифтихори Ватан» шинос шуд. Корхонаи мазкур ба коркарди пахтаи маҳиннах машғул буда, то ба имрӯз аз хоҷагиҳои пахтакори ҳудуди ноҳия зиёда аз 4 ҳазор тонна ашёи хом қабул намудааст.

Зимни мулоқот Сарвазири мамлакат ба кишоварзони ноҳия таъкид намуд, ки ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон аст ва дастур дода шуд, ки ҳосили пахтаро саривақт ҷамъоварӣ намоянд.

Дар идомаи сафари корӣ Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит – Котон» шинос шуд, ки ба коркарди пахта машғул мебошад.

Ҳамчунин, Сарвазири мамлакат аз хоҷагии деҳқонии «Мурат» дидан намуд. Бояд таъкид кард, ки хоҷагии мазкур дорои 14 гектар замини корами обӣ буда, дар майдони 2 гектари он парвариши лиму дар гармхонаҳои доимоамалкунанда ба роҳ монда шудааст ва ҳоло хоҷагидорон ба ҷамъоварии ҳосил машғуланд.

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Хатлон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни бунёди бинои мактаби варзишии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шинос шуд. Иттилоъ доданд, ки сохтмони муассисаи мазкур соли 2023 оғоз гардида, аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия маблағгузорӣ мешавад. Бинои мазкур бо 700 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 13, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид