«ШОҲНОМА-ГАНҶИНАИ ҲИКМАТУ ХИРАД». Дар ноҳияи Рӯдакӣ маҳфили илмӣ-адабӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси безаволи сухансарои бузурги тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ таҳти унвони «Шоҳнома-ганҷинаи ҳикмату хирад» маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин коллеҷ.
Дар маҳфил доир ба ҳаёт ва эҷодиёти Абулқосим Фирдавсӣ, нақши «Шоҳнома» дар ташаккули худшиносии миллӣ ва арзиши ин асари безавол дар тарбияи насли наврас маърузаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд. Донишҷӯён аз «Шоҳнома» порчаҳо қироат карда, аз достонҳои Рустаму Суҳроб ва Сиёвуш саҳнаҳо намоиш доданд, ки ба чорабинӣ шукуҳ бахшид.
Таъкид гардид, ки «Шоҳнома» на танҳо ёдгории нодири адабӣ, балки мактаби бузурги ахлоқ, ватандӯстӣ ва хирадпарварӣ мебошад. Чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва тақвияти ҷаҳонбинии насли ҷавон нақши муҳим доранд.
АКС: Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ










МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






