«TELECOM AWARDS TAJIKISTAN – 2025». Барои баҳодиҳӣ ба фаъолияти операторони алоқаи барқӣ озмун гузаронида мешавад

Ноябрь 9, 2025 16:35

ДУШАНБЕ, 09.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳодиҳӣ ба фаъолияти операторони алоқаи барқӣ озмун барои дарёфти ҷоизаи миллии «Telecom Awards Tajikistan 2025» баргузор мегардад.

Тавре аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи асосии таъсиси ин ҷоиза — такмили сифату суръати хизматрасонӣ дар соҳаи алоқа, рушди рақобати солим ва ҳавасмандгардонии ширкатҳои ватанӣ мебошад.

Ҷоизаи миллӣ аз рӯйи 15 категория ва номинатсия; беҳтарин оператори мобилӣ, беҳтарин интернет-провайдер, инноватсияи сол дар соҳаи алоқа, хидмати инноватсионии сол, интихоби муштариён, беҳтарин хизматрасонии муштариён, беҳтарин саҳм дар рушди соҳаи алоқа, лоиҳаи сармоягузории сол, иқдоми иҷтимоии сол, ширкати босуръат рушдёбанда, таносуби нарх ва сифат, беҳтарин ҳалли корпоративӣ, беҳтарин хидмати рақамии сол,зудтарин шабакаи мобилӣ, зудтарин шабакаи ноқилӣ гузаронида мешавад.

Меъёрҳои баҳогузорӣ сифати хизматрасонӣ, таносуби нарх ва сифат, дастгирии муштариён, сатҳи навовариҳои техникӣ ва инфрасохторӣ, масъулияти иҷтимоиву иқтисодӣ ва инчунин эътирофи коршиносону муштариёнро дар бар мегиранд.

Арзёбии фаъолият бо чанд усул анҷом дода мешавад:

– CATI (пурсиши телефонии муштариён) — барои муайян кардани сатҳи қаноатмандӣ ва садоқати муштариён;

– Mystery Shopping (харидори махфӣ) — арзёбии сатҳи хизматрасонӣ дар нуқтаҳои фурӯш;

– OOKLA Speedtest Intelligence — таҳлили суръат, фарогирӣ ва сифати интернет;

– DMTEL — таҳлили техникии шабакаҳои мобилӣ ва мутобиқат ба стандартҳои байналмилалии ETSI.

Маросими ҷамъбасти озмун ва супоридани ҷоизаҳо моҳи декабр баргузор мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 9, 2025 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

EKHIZMAT.TJ. Ин портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон 83 номгӯй хизматрасонии давлатӣ пешниҳод менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ ошкор карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Иқтидору имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар Форуми B5+1 дар Бишкек муаррифӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Ассамблеяи умумии Созмони ҳамкории рақамӣ иштирок намуд
Дар теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 106 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Исфара шинос гардид
Рушди ҳамкории тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ гардид
АФЗОИШИ ИЗОФАНАВИСИИ ЭНЕРГИЯИ БАРҚ БА СУРАТҲИСОБИ МУШТАРИЁН. Агентии назорати давлатии энергетикӣ дар ин хусус иттилоъ медиҳад
ТАЪСИРИ ОМИЛИ ИНСОНӢ. Бо рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ он дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш меёбад
Ҷаласаи панҷуми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи дастгирии энергетикаи устувор баргузор гардид