«THE INVESTOR 2025». Ин маҷаллаи маъруфи байналмилалӣ оид ба Тоҷикистон шумораи махсус чоп намуд
ДУШАНБЕ, 10.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи маъруфи байналмилалӣ «The Investor», ки дар беш аз 48 кишвар паҳн мешавад ва зиёда аз 165 ҳазор роҳбарону тоҷирон ва сармоягузорони муваффақи сатҳи ҷаҳонӣ бо зиёда аз 60 миллиард доллари амрикоӣ ҳаҷми сармоя, онро мутолиа мекунанд, шумораи махсусро таҳти унвони «The Investor Tajikistan 2025» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшидааст.
Ин нашри маҷалла дар ҳамкории зич бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Тоҷинвест» омода гардида, таҳлили пурра ва муфассали байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқтисодии Тоҷикистон ва дурнамои сармоягузории кишварро фаро мегирад.
Маҷалла бо пешгуфтори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад, ки дар он нигоҳи дарозмуддати стратегӣ чунин тавсиф шудааст:«Ҳадафи стратегии мо — табдил додани Тоҷикистон ба макони боз ҳам мусоид ва умедбахши сармоягузорӣ мебошад, яъне кишваре, ки барои ҳамкории дарозмуддат боз аст, ба рушди устувор равона гардидааст ва ба иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамгиро мешавад».
Ҳамзамон дар ин нашр, паёми Раиси шаҳри Душанбе, ки мизбони Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» буданд, ҷой дода шудааст. Дар ин паём аз ҷумла чунин омадааст:
«Душанбе имрӯз ба яке аз самтҳои умедбахши сармоягузорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Бо субот, нерӯи ҷавон ва дидгоҳи равшани рушд, ҳар як сармоягузорӣ дар ин шаҳр на танҳо ба пешрафти он, балки ба ояндаи тамоми Тоҷикистон саҳм мегузорад».
Ин нашрия, ки аз таҳлилу мусоҳибаҳои ғанӣ иборат аст, бозгӯкунандаи равандҳои иқтисодии муосир ва имкониятҳои нав дар бахшҳои стратегии кишвар мебошад — аз энергетика, саноат ва маъдан то молия, навовариҳо, кишоварзӣ, инфрасохтор, нақлиёт ва дипломатия.
Мусоҳибаҳои махсус бо роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони байналмилалии рушд равандҳои ислоҳот, устувории иқтисодӣ ва афзоиши нуфузи минтақавии Тоҷикистонро дар муҳити сармоягузории Осиёи Марказӣ инъикос мекунанд.
Ин нашри бонуфуз бо ташаббус ва таҳияи ширкати «Beyond Investments Group» омода шудааст. «Beyond Investments Group» як гурӯҳи байналмилалии машваратӣ ва таҳиягари нашрияҳост, ки зиёда аз 20 сол таҷриба дар пешбурди сиёсати сармоягузорӣ дар бозорҳои нав ва босуръат рушдкунанда дорад.
Ин гурӯҳ, ки марказаш дар шаҳри Париж ҷойгир аст ва идораҳо дар Дубай, Лондон, Ню-Йорк ва Шанхай дорад, дар самти иттилооти иқтисодӣ, таблиғоти стратегӣ ва ҷалби сармоягузорони байналмилалӣ фаъолият мекунад ва бо дафтари президентҳо, вазоратҳо ва агентии сармоягузорӣ дар кишварҳои гуногун ҳамкорӣ менамояд.
Нашрияи асосии ин гурӯҳ — «The Investor», ҳамчун минбари ҷаҳонии таҳлили иқтисодӣ ва иртиботи мустақим миёни ҳукуматҳо ва сармоягузорон, шинохта шудааст. Он тавассути мусоҳибаҳои хос, таҳлили бахшҳо ва баррасиҳои сармоягузорӣ маълумот пешниҳод намуда, ба роҳбарони олии соҳаҳои молия, энергетика, технология, маъдан, саноат ва идоракунии сармоя дастрас мегардад.
Ҳар шумораи он зиёда аз 84 000 нусхаи чопӣ дошта, тавассути шабакаҳои корпоративӣ ва муассисаҳои байналмилалӣ паҳн мегардад, дар ҳоле ки версияи рақамии он то як миллион боздидро дар моҳҳои наздик интизор аст.
Нашри «The Investor Tajikistan 2025» як рӯйдоди таърихӣ ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонии сармоягузорон ва инчунин муаррифи ҷойгоҳи Тоҷикистон ҳамчун иқтисоди устувор, фаъол ва омода барои ҳамкорӣ дар қалби Осиёи Марказӣ мебошад.
АКС: аз манбаъҳои боз








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид






