Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати амрикоии Nasdaq, Inc. Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин санад дар доираи баргузории ҳамоиши сатҳи баланди Тоҷикистон ва Амрико оид ба соҳибкорӣ дар Вашингтон ба тасвиб расид. Он ба рушди инфрасохтори молиявӣ ва технологии танзимкунандаи Тоҷикистон нигаронида шудааст. Созишнома навсозии низомҳои гузоришдиҳӣ, афзоиши шаффофияти бозор ва ҳамгироии қавитари Тоҷикистонро нисбат ба ҷомеаи молиявии ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад. Санад қадами муҳим барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ байни ду давлат, кушодани имконияои нав барои сармоягузорӣ, густариши тиҷорат ва мубодилаи технологияҳои пешрафта арзёбӣ мегардад.
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва мудири калони Бюрои таҳдидҳои пайдошавандаи Департаменти давлатии Амрико Энни Ву ҳамчунин имконоти зеҳни сунъиро дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида дар соҳаи рақамӣ баррасӣ намуданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






