То соли 2030 истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ ба 3000 МВт мерасад
ДУШАНБЕ, 20.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. То соли 2030 дар кишвар иқтидори умумии неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ бояд на камтар аз 3000 МВт-ро ташкил диҳад. Бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ имкон медиҳанд, ки фаъолияти низоми энергетикӣ беҳтар гардад, махсусан дар давраи авҷи истеъмол, ки асосан ба фаслҳои тирамоҳу зимистон рост меояд. Дар ин давра сатҳи воридшавии об ба неругоҳҳои барқи обӣ кам мегардад. Ин матлаб имрӯз, зимни баргузории ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласа вазирони энергетикаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, раиси Кумитаи иҷроияи Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, муовини Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, муовини Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай ва ширкатҳои энергетикии давлатҳо ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа механизми амалии рушди ҳамкории кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай, ҳолати мувофиқасозии лоиҳаи «Стратегияи рушди комплекси сӯзишворӣ-энергетикии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои то соли 2035» (дурнамо барои соли 2050), раисии Шурои ҳамоҳангсозии назди Шурои электроэнергетии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Шурои электроэнергетикии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳда дорад. Дар ҷараёни ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Қазон баргузор карда мешавад.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иброз намуд, ки аз соли 2000 то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 лоиҳа дар соҳаи энергетика амалӣ карда шудааст. Ҳаҷми умумии сармоягузории онҳо зиёда аз 2,5 милиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳаҳо иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ, бозсозии зеристгоҳҳои бузурги калидии шабака, навсозии шабакаҳои барқии ҳамаи дараҷаҳои шиддат ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирӣ мебошад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки барои баланд бардоштани эътимоднокии низоми энергетикии минтақа, айни замон лоиҳаи азнавпайвастшавии низоми энергетикии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ амалӣ шуда истодааст.
Дар доираи ин лоиҳа, қисмати ҷанубу ғарбии низоми энергетикии Тоҷикистон дар аввали моҳи июни соли 2024 бомуваффақият ба низоми ягона пайваст гардид. Пайвастшавии қисмати шимолии низоми энергетикии Тоҷикистон ба низоми ягона нимаи якуми соли 2026 ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани қисмати тоҷикистонӣ ва қирғизистонии Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000» таъкид гардид.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самараноки иқтидори бузурги гидроэнергетикии худ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, айни замон сохтмони Нергоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3780 МВт идома дорад», — афзуд Далер Ҷумъа.
Дар ҷаласа доир ба тақвияти ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки бо Ҷумҳурии Узбекистон сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки Шурои электроэнергетикии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар тӯли зиёда аз се даҳсола ҳамчун майдони муҳим барои мувофиқаи роҳу равишҳои рушди энергетика, муттаҳидсозии меъёрҳои техникию танзимӣ, баланд бардоштани эътимоднокии шабакаҳои ягонаи энергетикӣ, рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия баргузор мегардад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
Кишоварзони Тоҷикистон соли 2026 дар беш аз 274 ҳазор гектар зироати ғалладонагӣ кишт менамоянд
Дар ҶСК «Барқи Тоҷик» самти энергетикии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардид
Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд
Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба истифодаи долони нақлиётӣ, ки Чинро бо Аврупо мепайвандад, ба мувофиқа расиданд
Сохтмони хати барқии баландшиддати ҳавоӣ аз зеристгоҳи «Равшан» то зеристгоҳи «Шаҳринав-2» идома дорад
Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи беш аз 356 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Татбиқи барномаҳои электронии идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти соҳаи об баррасӣ шуд
Байни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкати «Jinda Anbang»-и Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Шуруъ аз 1 феврали соли 2026 дар Тоҷикистон тарифҳои нави барқу гармӣ ҷорӣ карда мешавад
КАРТОШКАПАРВАРӢ. Кишоварзони вилояти Хатлон дар 8 ҳазор гектар картошка кишт менамоянд






