Туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба собиқадорони меҳнати ноҳияи Кӯшониён тақдим карда шуд

Ноябрь 28, 2025 13:24

ДУШАНБЕ, 28.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар доираи иқдоми фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони меҳнати ноҳияи Кӯшониён асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ – «Шоҳнома» тақдим карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён хабар доданд.

Масъулин ҳангоми тақдими китоб ба сокинони ҷамоату деҳоти ноҳия иброз доштанд, ки чунин ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии фарҳангии ҷомеа заминаи мустаҳкам мегузорад.

Гуфта шуд, ки тақдими «Шоҳнома» аз ҷониби Сарвари давлат на танҳо рамзи арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик, балки нишонаи муҳаббати бепоён ба ҳар хонаводаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин иқдоми арзишманд дар дили ҳар сокини мамлакат эҳсоси ифтихор аз гузашта ва масъулият барои имрӯзро бедор менамояд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар ҷамоату деҳоти ноҳияи Кӯшониён тақдими асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ-  «Шоҳнома» идома дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

Ноябрь 28, 2025 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад