35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Себистони шаҳри Ҳисор мактаби нав бунёд мегардад
ҲИСОР, 07.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар деҳаи Себистони ҷамоати деҳоти Навобод бинои мактаби нав бунёд мегардад. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.
Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна ва 13 синфхона иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки хонандагони деҳаи Себистон барои таҳсил ба дигар муассисаҳои таълимии деҳаҳои ҳамсоя мераванд, ки дар фасли сармо барои кӯдакон мушкил аст. Аз ин рӯ сокинону соҳибкорони деҳа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор тасмим гирифтаанд, ки сохтмони муассисаро дар кӯтоҳтарин муҳлат ба анҷом расонида, мактабро дар соли нави таҳсили 2026-2027 мавриди истифода қарор диҳанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






