Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ барои солҳои 2025-2030» татбиқ мегардад

Декабрь 6, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 06.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 7 декабр Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ эълон гардидааст. Ин сана аз ҷониби  Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз баргузории Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ маълумот додан ба ҷомеаи васеъ доир ба саҳми авиатсияи гражданӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои аъзо, инчунин дар бораи нақши беназири ИКАО дар муттаҳидсозии кӯшишҳои кишварҳо барои эҷоди шабакаи ҷаҳонии нақлиёти баландсуръат барои расонидани хизмат ба тамоми инсоният мебошад.

— Авиатсияи гражданӣ соҳаи афзалиятнок ва калидӣ аст, ки ба қонеъ гардонидани ниёзҳои шаҳрвандон ва рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистон нигаронида шудааст. Соҳаи авиатсия низоми мураккаб буда, нисбат ба қоидаҳои танзими бехатарии парвозҳо ва хизматрасонии босифати мусофирон таваҷҷуҳи бештарро тақозо менамояд. Он метавонад дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ нақши калидӣ бозида, барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат шароити мусоид фароҳам орад.

Бо назардошти аҳамияти соҳаи авиатсияи граждании мамлакат дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо дастгирӣ ва иқдоми Пешвои миллат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабри соли 2017 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳидаи мутамарказ, ки танзим ва назорати фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро ба роҳ мемонад, таъсис дода шуд.

Ин ниҳоди давлатӣ аз рӯзҳои аввали таъсис фаъолиятро дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарият ва Ҳукумати мамлакат, талаботу қоидаҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), Кодекси фазои ҳавоӣ, қоидаҳои умумии авиатсионии мамлакат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.

3 декабри соли равон зимни баргузории ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима карда шуд.

Зимни он директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти мутобиқ гардонидан ба стандартҳо ва тавсияҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ва иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати аъзо ба Конвенсияи авиатсияи граждании байналмилалӣ (Чикаго, 1944) таҳия гардидааст.

Ба лоиҳа бо мақсади пурраю равшантар ва оммафаҳм будани Кодекси фазои ҳавоӣ мафҳумҳои асосӣ ва моддаҳои нав дар мавзуи санҷиш ва назорати давлатии фаъолияти авиатсия, фаъолияти вобаста ба таъмини бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионии назоратшаванда, нозирони авиатсионӣ, ҷалби мутахассисон ба гузаронидани фаъолияти сертификатсионию назоратӣ ва таъминоти тиббӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ илова карда шуданд.

Ҳамзамон бо мақсади рушди соҳа 30 августи соли 2024 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» қабул шуд.

Тавре директори  Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иброз дошт, «ҳадафи қабули Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини бехатарии ҳаёту саломатии мусофирон, ҳайати парвоз, кормандони рӯйизаминӣ, ҳифзи киштиҳои ҳавоӣ, иншооту инфрасохтори фурудгоҳҳо, бозомӯзии ҳайати кормандони хадамоти бехатарии фурудгоҳҳо ва самаранокии мунтазами парвозҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Қабули «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030» инчунин ба боло бурдани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва афзудани эътимоднокии шарикони хориҷӣ барои ҳамкории судманду шаффоф вобаста ба таъмини бехатарии авиатсионӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

«Пешвои миллат ба соҳаи авиатсияи граждании мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои тақвияти инфрасохтори ин соҳа тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ авиатсияи граждании Тоҷикистон рушд намуда, ҷуғрофиёи парвозҳо фарох гардид. Ба роҳ мондани парвозҳо ба зиёда аз 20 давлати хориҷӣ ва имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахши ҳавонавардӣ бо беш аз 30 давлати ҷаҳон далели ин гуфтаҳо аст», — изҳор намуд директори агентӣ Ҳабибулло Назарзода.

Дар айни замон дар Тоҷикистон чор фурудгоҳи байналмилалӣ-фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар, ду ширкати ҳавопаймоӣ – «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» фаъолият доранд.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ инфрасохтори фурудгоҳии мамлакат тавсеа ёфта, воситаҳои алоқа, алоқаи радиоӣ, дастгоҳҳои навигатсионӣ, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими авиатсия густариш ёфтаанд.

Барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии авиатсияи гражданӣ дар мамлакат таҷҳизоти замонавии аэронавигатсионӣ насб гардиданд.

Яке аз онҳо низоми D-ATIS (Digital Automatic Terminal Information Service) мебошад, ки интиқоли автоматии иттилоотро оид ба шароити кунунии обу ҳаво дар фурудгоҳ, самт ва суръати шамол, ҳарорат ва ҳолати бинишро дар минтақаи фурудгоҳ тибқи меъёрҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ таъмин менамояд.

Фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат тавассути ин таҷҳизот маълумоти дақиқро оид ба ҳолати фурудгоҳ барои фуруд ё парвоз пешниҳод менамоянд.

Истифодаи низоми D-ATIS имкон медиҳад, ки ҳаҷми кори танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ коҳиш ёфта, сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ баланд бардошта шавад.

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳааи авиатсияи гражданӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Густариши соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти байналмилалии соҳавӣ қаноатбахш ва рӯ ба рушд арзёбӣ гардидааст.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 6, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи беш аз 356 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА АРЗИШҲОИ МАЪНАВӢ БОЯД АРҶ ГУЗОШТ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Татбиқи барномаҳои электронии идоракунӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти соҳаи об баррасӣ шуд
Байни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкати «Jinda Anbang»-и Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РОҲНАМОИ АМАЛ. Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар Душанбе фаъолиятро тибқи ин санад ба роҳ мондаанд
Шуруъ аз 1 феврали соли 2026 дар Тоҷикистон тарифҳои нави барқу гармӣ ҷорӣ карда мешавад
Таҳаввули ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон дар заминаи дастовардҳои сиёсати хориҷӣ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
КАРТОШКАПАРВАРӢ. Кишоварзони вилояти Хатлон дар 8 ҳазор гектар картошка кишт менамоянд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли шибит ба организми инсон чӣ фоида дорад?
Паёми Президенти Тоҷикистон навиди фарҳангсоз барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст
Ба «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ду мошини махсуси чорвокашонӣ дастрас шуд
Кабк «Парандаи сол-2026» интихоб гардид