Ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳайати чинӣ бо роҳбарии муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Инчуан бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд.
Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои меҳмонон сайри осорхонавӣ бо забони чинӣ ташкил карда шуд.
Меҳмонон бо таъриху тамаддуни бисёрҳазорсола дар асоси ёдгориҳои нодири Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, ки дар аҳди бостон мардуми бумии Осиёи Миёна, ниёгони тоҷикон – суғдиёну бохтариён дар он нақши муассир доштанд, аз наздик шинос шуданд.
Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Инчуан аз тамошои толорҳои намоишии осорхона изҳори хушнудӣ намуда, таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон дарҷ намуд.
Шинос гардидан бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон рамзи таваҷҷуҳи дипломатӣ буда, метавонад ба рушди равобити фарҳангию маърифатии Чину Тоҷикистон мусоидат намояд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад






