Қатъномаи нави минтақавӣ оид ба муқовимат ба коррупсия бо иштироки Тоҷикистон қабул гардид

Декабрь 20, 2025 09:40

ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 19 декабри соли 2025 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар ҷаласаи 11-уми Конфронси давлатҳои аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд, дар конфронс масъалаҳои татбиқи Конвенсия ба қонунгузории давлатҳои аъзо, раванди худбаҳодиҳӣ доир ба даври дуюми татбиқи он, мушкилоти ҷойдошта ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бо мақсади муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ Сулаймон Султонзода сухан гуфт. Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили муқовимат ба коррупсия таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар робита ба ин дар мамлакат солҳои охир барои паст намудани шиддати ин зуҳурот тадбирҳои зиёди муосири зиддикоррупсионӣ андешида шудаанд.

Дар ҷаласаи 11-уми Конфронси давлатҳои аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия аз тарафи мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Мустаҳкам гардонидани тадбирҳои минтақавии зиддикоррупсионӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ» қатънома пешниҳод карда шуд, ки он аз тарафи давлатҳои аъзои конфронс қабул гардид.

Қабули ин қатънома имконият фароҳам меорад, ки талошҳои давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар мубориза бо коррупсия ва паст кардани шиддати ин зуҳурот аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, барои густариши ҳамкории онҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.

Бояд гуфт, ки ҷаласаи мазкур дар ду сол як маротиба гузаронида шуда, дар он намоядагони баландпоя аз мақомоти зиддикоррупсионии зиёда аз 160 давлати дунё, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намоядагони бахши хусусӣ иштирок менамоянд.

Ҳамзамон дар доираи кори конфронс аз тарафи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ҷаласаи алоҳида бахшида ба фаъолияти мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор карда шуд. Дар он намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иштирок намуда, вобаста ба сиёсати давлатии зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои дар ин самт андешида ибрози назар намуданд.

Ҳамчунин дар доираи ҷаласаи 11-уми Конфронси давлатҳои аъзои Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия ҳайати Агентӣ бо як зумра  намояндагони мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ вохӯриҳо анҷом дод. Натиҷаҳои он барои беҳтар намудани ҳамкории мақомот дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 20, 2025 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад