Барои татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру» созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд

Декабрь 5, 2025 10:47

ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру» созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молия хабар доданд, созишномаҳо 4 декабр дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба имзо расида, маблағи онҳо 43 миллион евроро ташкил медиҳад.  Аз маблағи умумӣ 28 миллион евро маблағҳои қарзӣ ва 15 миллион евро маблағҳои грантии Фонди сармоягузории Осиё-Уқёнуси Ороми Иттиҳоди Аврупо мебошанд.

Ҳадафи асосии лоиҳа мусоидат ба навсозии инфрасохтори ҳисобдорӣ ва насби ҳисобкунакҳои барқӣ дар шабакаҳои тақсимоти неруи барқ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд мебошад.

Созишномаҳоро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел ба имзо расониданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 5, 2025 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад