ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Ғолибони он дар шаҳри Душанбе муайян гардиданд

Декабрь 23, 2025 09:11

ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20-21 декабр дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо байни мардон баргузор гардид. Дар чемпионат паҳлавонон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва водии Рашт дар ҳафт вазн байни ҳам рақобат карданд. Дар ин хусус корманди Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Рамзӣ Шамиров ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Бояд гуфт, ки дунафарӣ паҳлавонон аз шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи марказ, инчунин якнафарӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва водии Рашт ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гардонида шуданд. Ба ғолибон дар ҳар як вазн ҷоизаи молӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ супурда шуд. Барои ҷойи дуюм 7 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойҳои сеюм ба ҳар кадом 5 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Ғолибону ҷоизадорони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо байни мардон дар соли 2025:

— дар вазни то 60 кг Меҳрзод Суфиев аз вилояти Суғд мақоми аввал ва медали тиллоро соҳиб гардид. Муҳаммадсолеҳ Қувватов аз шаҳри Душанбе ҷойи дуюм ва медали нуқра ба даст овард. Рамзиддин Азизов аз шаҳри Душанбе ва Шокир Ғоибов аз вилояти Хатлон мақомҳои сеюм ва медалҳои биринҷиро сазовор гардиданд.

— дар вазни то 66 кг Искандар Маҳмадхоҷазода аз водии Рашт ҷойи аввал ва медали тиллоро соҳиб гардид, Сарвар Абдушукуров аз шаҳри Душанбе ҷойи дуюм ва медали нуқра ба даст овард. Орифҷон Додов ва Муллораҷаб Халифаев, ҳарду аз шаҳри Душанбе ҷойи сеюм ва медалҳои биринҷиро сазовор гардиданд.

— дар вазни то 73 кг Абдуллои Ориф аз вилояти Хатлон мақоми аввал ва медали тиллоро соҳиб гардид. Масъуди Аҳмадзод аз шаҳри Душанбе ҷойи дуюм ва медали нуқраро ноил шуд. Бинёмин Назиров ва Мусо Саъдуллоев, ҳарду аз шаҳри Душанбе ҷойҳои сеюм ва медалҳои биринҷиро сазовор гардиданд.

— дар вазни то 81 кг Абубакр Боқиев аз шаҳри Душанбе мақоми аввал ва медали тиллоро соҳиб гардид. Бахтиёр Бозоров аз шаҳри Душанбе мақоми дуюм ва медали нуқра гирифт. Абубакр Шеров аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Эҳсон Искандарзода аз вилояти Суғд ба гирифтани ҷойи сеюм ва медалҳои биринҷӣ ноил гардиданд.

— дар вазни то 90 кг Умар Расулов аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҷойи аввал ва медали тиллоро ба даст овард. Музаммир Каримзода аз шаҳри Душанбе мақоми дуюм ва медали нуқраро сазовор гардид, Тӯйчибек Шарипов ва Ёқубҷон Назиров, ҳарду аз шаҳри Душанбе мақомҳои сеюм ва медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд.

— дар вазни то 100 кг Парвиз Абдураҳмонов аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Саидҷамол Алимардонов аз шаҳри Душанбе мақоми дуюм ва медали нуқраро соҳиб шуд. Абубакри Акобир ва Бахтовар Бобохонов, ҳарду аз шаҳри Душанбе ба гирифтани мақомҳои сеюм ва медалҳои биринҷӣ даст ёфтанд.

— дар вазни +100 кг Дадахон Қурбоналиев аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ мақоми аввал ва медали тиллоро соҳиб шуд. Муҳаммадрасул Давлатов аз водии Рашт ҷойи дуюм ва медали нуқра гирифт. Некрӯз Некбахтзода аз вилояти Суғд ва Умар Муносибов аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби ҷойҳои сеюм ва медалҳои биринҷӣ шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 23, 2025 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ мебинад
НАТИҶАҲОИ СОЛИ 2025: Дастаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳонии «ACBJJ-2025» 40 медал ба даст овард
Беҳтарин варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 муайян карда шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2025-ро дар раддабандии ФИФА бо мақоми 101-ум ҷамъбаст кард
Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд
Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид
Варзишгарони тоҷик дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон 4 медал ба даст оварданд
Варзишгари тоҷик Акмал Убайдов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс–2025 шуд
Байни деҳаю маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мусобиқаи футбол оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он ҷаласа доир гардид