Дар дараи Искандаркӯли ноҳияи Айнӣ муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад

Декабрь 4, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 04.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва беҳтар гардонидани шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар дараи зебоманзари Искандаркӯл сохтмони муассисаи томактабӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд.

Муассисаи навбунёд 342,79 метри мураббаъро ташкил намуда, аз ду ошёна иборат аст. Он бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои меъёрии бинокорӣ бунёд мегардад. Муассисаи томактабӣ ҷавобгӯи талаботи замони муосир буда, дар он барои кӯдакон муҳити мусоид ва шароити муносиб фароҳам оварда мешавад.

Бо ташаббус ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, аз ҷумла маориф имрӯзҳо корҳои созандагӣ вусъат меёбанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки «кӯдакон ояндаи давлати моянд ва барои онҳо бояд беҳтарин шароит муҳайё гардад».

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Декабрь 4, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид