Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи хонандагони синфҳои 11 оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 20.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» оғоз гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд, олимпиада дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор шуда, ҳадафи он дарёфт, дастгирӣ ва рушди истеъдодҳои ҷавон, инчунин таҳкими шавқу ҳавасмандии хонандагон ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи олимпиада Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин олимпиадаҳо ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди илму маориф, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва тарбияи насли наврас дар руҳияи донишандӯзӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон дар олимпиада намояндагони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт, омӯзгорон ва тақрибан 1000 нафар хонандагон иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки натиҷаҳои олимпиада дар марҳилаҳои минбаъда ҷамъбаст гардида, ғолибон бо ҷоизаҳо ва «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» қадрдонӣ хоҳанд шуд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон













Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






