Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар мавзуи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади стратегии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ташаббусҳои глобалӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, ректори донишгоҳ Мунир Сафарзода иброз дошт, ки Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ фарогири самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар марҳалаи нави рушди мамлакат буда, масъалаҳои рушди устувори иқтисод, таҳкими сиёсати иҷтимоӣ, рақамикунонии соҳаҳо, рушди илму маориф, дастгирии занону ҷавонон, таҳкими амнияти миллӣ ва пешгирӣ аз таҳдидҳои ҷаҳони муосирро ба таври мушаххас дар бар мегирад.
«Ҳамзамон дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаҳои зеҳни сунъӣ, рақамикунонии тамоми фаъолият, беҳтар намудани заминаҳо барои таҳсили фарогир, ахлоқи ҷамъиятӣ, тарбияи инсони комил, эҳтироми падару модар ва боло бурдани мақому манзалати зан-модар ҳамчун пояи устувори ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ҳамзамон андешаву роҳнамоиҳои ҳакимонаву ояндасози Пешвои миллат ҷомеаро ба сӯйи худшиносии миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, зиндагии шоиста ва рушди инсонгароёна ҳидоят менамоянд», — таъкид намуд Мунир Сафарзода.
Дар ҷамъомад дар мавзуъҳои «Самтҳои асосии сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Паём-роҳнамои ояндасоз дар масири худшиносӣ» ва «Нақши Президент дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа» маърузаҳо пешниҳод гардид.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ-назариявӣ ба баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, таҳкими таҳлили илмии равандҳои давлатдорӣ ва ҷалби фаъолонаи ҷомеаи илмӣ ба татбиқи ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ мусоидат намуда, дар он Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун роҳнамои рушди устувор ва ояндасоз нақши ҳалкунанда мебозад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






