Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид

Декабрь 14, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 14.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабр дар Китобхонаи миллии  Тоҷикистон таҳти унвони «Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар: Таҳаввули таърихии ҳуқуқи инсон ва нақши Пешвои миллат дар эҳёи ин арзишҳо» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллии  Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз аввалин ва таъсирбахштарин санадҳои ҳуқуқии таърих аст, ки барои шиносоии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии шаҳрвандон, аз ҷумла озодии виҷдон, ҳуқуқи баробарии миллӣ ва дигар ҳуқуқҳои инсон кумак намуд. Ин Эъломия асосҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсонро дар рӯйи замин ба вуҷуд оварда,  барои рушди кишварҳои гуногун, аз ҷумла сохтори ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон, аҳамияти махсус дошт.

«Эъломияи қабулнамудаи Куруши Кабир ҳамчун эъломияи аввалин дар ҷаҳон эътироф гардида, аз 39 модда иборат мебошад. Ин Эъломия бо номи «Устувонаи Куруш» машҳур буда, дар Осорхонаи Британия ҷойгир аст», — иттилоъ дода шуд дар ҳамоиш.

Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Камолзода  иброз намуд, ки «ниёкони мо дар он давраҳои дур таҳти парчами Куруш на танҳо як давлати муқтадиру мутамаркази муштаракро ба вуҷуд оварданд, балки ташаккули тамоми унсурҳои ҳувийяти фарҳангии минтақаи ориёиро асос гузоштанд. Онҳо таърих ва фарҳанги воҳид, забон ва хатти ба ҳам наздик, расму ойин ва суннатҳои решадореро падид оварданд, ки ҳамаи онҳо аз манбаъҳои бостонии тамаддуни ориёӣ об мехӯрданд».

Таъкид гардид, ки  ин мероси гаронбаҳо на фақат пояи давлатдории он давраро мустаҳкам сохт, балки барои пешрафти минбаъдаи илму фарҳанг, дастовардҳои иҷтимоӣ ва ҳамбастагии қавмҳои гуногуни ориёӣ заминаи қавӣ фароҳам овард.

Дар ҳамоиш ҳамчунин ёдоварӣ шуд, ки бандҳои Эъломияи Куруши Кабир садҳо ҳазор сол пеш навишта шудаанд, мавзуҳо ва масъалаҳоеро матраҳ кардаанд, ки то имрӯз дардхури мардуманд ва маҳз ҳамин тарзи масъалагузорӣ ва муайян кардани ҳуқуқу озодиҳои мардум дар ин шакл Куруш ва Эъломияи ӯро машҳур кард.

Хотиррасон гардид, ки  Эъломияи Куруши Кабир ба Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки 10-уми декабри соли 1948 қабул шудааст, ҳамчун сарчашмаи асосӣ ва роҳнамои ҳуқуқӣ нақши мондагор гузошт. Имрӯз як нусхаи «Устувонаи Куруш» дар идораи марказии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун рамзи арзиши пойдории ҳуқуқи башар нигоҳдорӣ мешавад.

АКС: Китобхонаи миллии  Тоҷикистон

Декабрь 14, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст