Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон баргузор мешавад

Декабрь 3, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар/. 9 декабр дар шаҳри Душанбе Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон баргузор мешавад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Чорабинӣ бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.

Ҳадафи ҳамоиш асосан ба ноил шудан ба ҳадафи 4-уми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии босуръат, дастгирии рушди устувори саноатӣ, таҷдид ва тавсеаи робитаҳои ҳамкории минтақавӣ, инчунин фаъолсозӣ ва рушди ҳамкорию шарикӣ дар соҳаи саноат мебошад.

«Бо назардошти он ки дар назди мо барои суръат бахшидан ба саноатикунонии мамлакат ва ду баробар афзоиш додани истеҳсолоти саноатӣ вазифаҳои муҳим истодаанд, ин форум нақши калидӣ дорад. Дар доираи форум ҷаласаҳои мавзуӣ доир ба самтҳои геологӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ ва металлургӣ баргузор карда мешаванд. Мо барои ҷалби сармоя ба мамлакат, яъне барои азхудкунии сарватҳое, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгиранд, фазо ва ҷойи хуб пайдо кардем»,-хабар доданд аз Вазорати саноат ва технологияҳои нав.

Коршиносони соҳаи саноат дурнамои рушди бозори истихроҷи маъдан ва металлургияи мамлакат, навоварӣ дар таҷҳизот ва технологияҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳо, технологияҳои рушди устувор ва масъалаҳои дигарро баррасӣ мекунанд.

Омили асосии афзоиши ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон афзоиши истеҳсолот дар саноати истихроҷ, саноати коркард, коркарди партовҳо ва ба даст овардани ашёи хоми дуюмдараҷа мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Форуми якуми сармоягузории соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, ки соли 2024 баргузор шуд, аввалин чорабинии пешбар дар соҳаи истихроҷи маъдан ва металлургия гардид. Чунин чорабиниҳо барои табодули афкор ва таҷрибаи касбии коршиносони соҳа, баррасии дурнамои инкишофи бозори маъдани кӯҳӣ ва металлургии мамлакат, навигариҳои соҳаи техникаю технологияи истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок заминаи муассир фароҳам меоранд.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 3, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»