Дар Душанбе якчанд созишномаи грантӣ бо Бонки Осиёии рушд ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд созишномаи грантӣ бо Бонки Осиёии рушд ба имзо расонида шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, созишномаҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои зербарномаи дуюми «Барномаи беҳтар намудани муҳити тиҷорат бо назардошти тағйирёбии иқлим ва афзоиши имконияти шуғли сабз» дар ҳаҷми 50 миллион доллар (барои дастгирии буҷет), «Барномаи рушди соҳаи молиявӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода бо назардошти равиши бисёрсатҳии идоракунии хавфҳо» дар ҳаҷми 28,2 миллион доллар, инчунин «Идоракунӣ ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворӣ» дар ҳаҷми 17 миллион доллар ба имзо расонида шуд. Маблағи умумии созишномаҳо 95,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Мақсади асосии лоиҳаҳо- дастгирии рушди соҳибкории хусусӣ, бахусус корхонаҳои хурду миёна тавассути беҳтарсозии муҳити соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузории мутобиқ ба иқлим, пешбурди рақамикунонӣ ва таҳкими идоракунии молиявӣ бо ҳадафи расидан ба рушди устувор ва коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим, таҳкими устувории молиявӣ, пешбурди ислоҳоти молиявӣ, густариши бозори суғурта ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин беҳтарсозии идоракунии чарогоҳҳо бо назардошти устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон мебошад.
Созишномаҳоро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото имзо намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






