Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва бемории шадиди рӯдаю меъда бо аҳолӣ вохӯрӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд Султон Раҳмонзода иброз намуд, ки моҳҳои декабр ва январ бинобар ҳолати риоя накардани беҳдошти шахсӣ аз ҷониби шаҳрвандон, бахусус наврасону ҷавонон бемориҳои зуком, зардпарвин, заҳролудшавӣ ҳангоми истифодаи консерваҳо, помидору бодиринг ва хӯрокҳои тезвайроншаванда дар шароити хона ва ошхонаҳои мактаб афзоиш ёфта, инчунин бар асари пасту баланд шудани ҳарорати ҳаво ва зиёдшавии намнокӣ бемориҳои шадиди роҳи нафас ба мушоҳида мерасанд.
Мушкилоти асосӣ- риоя нагардидани гигиенаи шахсӣ, аҳамият надодан ба шустани дастон, сифати пасти хӯришу хӯрокҳо, нокифоя будани фарҳанги беҳдоштӣ ва ғайра мебошанд.
Аз ҷониби зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ корҳои зиддиэпидемикӣ ташкил гардидаанд. Ҳамзамон барои сари вақт анҷом додани тадбирҳои дезинфексионӣ миқдори зарурии маводи безараргардонӣ ҷудо карда шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






