Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд

Декабрь 11, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ва истифодаи калони додаҳо муҷҷаҳаз бо технологияҳои муосир ба истифода дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, таҷҳизоти замонавӣ дар доираи ҳамкории муштарак ва бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазорати экология ва муҳити зисти Чин ва ширкати Hebei Sailhero Environmental Protection татбиқ гардида, барои мониторинги муҳити зист, таҳлили сифат ва самаранокии истифодаи захираҳои табиӣ хизмат мекунанд.

Таҷҳизот аз таҳлилгари бисёрпараметрии сифати об, озмоишгари сайёри бисёрпараметрии сифати об P-MP1000 ва асбоби шабакавӣ барои назорати сифати ҳаво XHAQSN-822 иборат мебошанд.

Озмоишгоҳ имконият медиҳад, ки олимони Тоҷикистону Чин ҳамкории илмӣ ва таҳқиқоти муштаракро дар бахшҳои экологӣ ва энергетикӣ густариш дода, донишу таҷрибаи худро мубодила намоянд. Ҳамзамон таҳқиқоти илмиро бо истифодаи технологияҳои пешрафта ба сатҳи байналмилалӣ бароранд.

Ифтитоҳи озмоишгоҳи муштарак иқдоми муҳими таҳкими ҳамкории илмӣ ва технологӣ байни Тоҷикистон ва Чин буда, минбаъд барои рушди устувори муҳити зист ва рушди илмии ҳарду давлат имконияти васеъ фароҳам меорад.

Ин гуна таҷҳизот ба Тоҷикистон бори аввал ворид шуда, барои татбиқи таҳқиқоти пешрафтаи экологӣ ва истифодаи калони додаҳо имконоти нав фароҳам меоранд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Декабрь 11, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид