Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
ҲИСОР, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор машварати кишоварзон баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода иттилоъ дод.
Дар машварат иброз гардид, ки соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон маҳсуб шуда, солҳои охир новобаста аз таъсири офатҳои табиӣ ва омилҳои буҳронӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи устувор рушд меёбад. Таваҷҷуҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа имкон фароҳам овард, ки кишоварзони шаҳри Ҳисор соли 2025 бо заҳмати дучанд ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.
Тибқи маълумоти Кумитаи идораи замин, дар шаҳри Ҳисор 7488 гектар замини корами обӣ ва 4383 гектар замини корами лалмӣ мавҷуд аст. Тибқи дурнамои ҷобаҷогузории кишти зироати Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маслиҳату тавсияи мутахассисон ҳоло дар 1420 гектар замини обӣ ва ҳамагӣ дар 66 гектар замини лалмӣ кишти тирамоҳии зироат гузаронида шуд, ки 30,7 фоизи дурнамои кишти зироатро барои ҳосили соли 2026 ташкил медиҳад. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 кам буда, кишоварзон бояд бо тавсияю маслиҳати олимону мутахассисон дурнамои кишти зироатро таъмин намоянд.
Муовини Вазири кишоварзии Тоҷикистон Баҳром Аҳмадзода ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода натиҷаҳои сафар ва мушоҳидаҳояшонро дар саҳрои хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Ҳисор, ҳолати шудгор ва кишти тирамоҳиро дар заминҳои обию лалмии хоҷагиҳои кишоварзӣ, инчунин нармкунии бехи дарахтон ва токзорро дар ҷамоатҳои деҳоти Алмосӣ ва Хонақоҳи Кӯҳӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Зимнан барои сари вақт шудгору кишт намудани зироати кишоварзӣ, бахусус ғалладонагиҳо бо истифода аз иқтидори мавҷуда ба деҳқонон маслиҳату тавсияҳои судманд дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






