Дар Ёвон бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Декабрь 10, 2025 08:56

ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «ҲХДТ – мактаби садоқат ва ватандӯстӣ» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар медиҳад.

Дар оғози чорабинӣ меҳмонон ва иштирокчиён бо намоиши саҳнавие, ки аз ҷониби вакилони ҳизбӣ ва ҷавонон омода гардида буд, шинос шуданд. Намоиши дастовардҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, аксҳо ва иттилоот дар бораи иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин лаҳзаҳои ҷолиб аз достонҳои «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ба фазои идона ранги тоза бахшид.

Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода дар бораи саҳми арзандаи ҳизб дар таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди мамлакат сухан гуфт.

Дар анҷоми ҳамоиш як зумра фаъолон бо Ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон бо иштироки санъаткорону ҳунармандони ноҳия барномаи фарҳангии идона доир шуд.

 

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Декабрь 10, 2025 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд