Дар ноҳияи Ёвон кишти картошка идома дорад

Декабрь 14, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 14.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони  ноҳияи Ёвон талаботи бозори истеъмолиро ба инобат гирифта, имсол масоҳати кишти картошкаро васеъ  намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд.

Айни замон дар 1,2 гектар замини хоҷагии деҳқонии «Ҷонбош» ва  1,3 гектар замини хоҷагии деҳқонии «Салтанат»-и ҳудуди деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова кишти картошка идома дорад.

Бояд гуфт, ки бо  дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи кишоварзӣ имконият фароҳам меорад, то хоҷагидорон  заминро самаранок истифода бурда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти асосии озуқаворӣ,  аз ҷумла картошкаро  зиёд намоянд.

Таъкид гардид, ки тағйирёбии иқлим, афзоиши талабот ба маҳсулоти ғизоӣ, рақобати бозор ва эҳсоси  масъулияти баланд  дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, кишоварзонро  водор месозад, ки барои мақсаднок ва оқилона истифода бурдани   замин   тадбирҳои муассир андешанд.

Роҳбарияти ноҳияи Ёвон  роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва  сокинонро барои заминҳои наздиҳавлигӣ   даъват намуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи оқилонаи обу замин, татбиқи технологияҳои муосири кишоварзӣ ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Декабрь 14, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд