Дар ноҳияи Ёвон кишти картошка вусъат меёбад
ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр дар Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон дар 1,3 гектар кишти картошка анҷом дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Ташкили кишти картошка бо мақсади таъмин намудани нақшаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, саҳмгузорӣ барои иҷрои ҳадафи стратегии амнияти озуқаворӣ ва истифодаи самараноки замин амалӣ гардид.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода гуфт, ки мутобиқи дастуру супоришҳои протоколии Ҳукумати Тоҷикистон мақомоти маҳаллӣ вазифадоранд, ки иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродиро то ҳадди имкон боло бардоранд ва заминҳои корамро пурра ба гардиши истеҳсолӣ ҷалб намоянд.
Масъулин ва кишоварзон вазифадор гардиданд, ки минбаъд ба нигоҳубини дурусти зироат, анҷом додани коркарди агротехникӣ, обёрии саривақтӣ ва пешгирии ҳар гуна ҳашароти зараррасон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Таъкид гардид, ки татбиқи дастуру супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар ҳолате натиҷаи дилхоҳ медиҳад, ки масъулин дар ҳама сатҳ бо масъулияти баланд фаъолият намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд






