Дар ноҳияи Ёвон якчанд иншооти иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ мавриди истифода қарор гирифт

Декабрь 7, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 07.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабр Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва инфрасохториро ифтитоҳ намуда, бо фаъолияти соҳаҳои маориф, хизматрасонӣ ва кишоварзӣ аз наздик шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар деҳаҳои Баҳор ва Пахтакор биноҳои иловагии таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №55 ва №56 ба истифода дода шуданд. Иншооти нав, ки бо саҳми сокинон бунёд гардидаанд, мутаносибан дорои 9 ва 14 синфхона буда, барои қабули 500 ва 700 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудаанд. Бунёди ин биноҳо шароити таълиму тарбияро беҳтар намуда, мушкилоти ҷойҳои нишастро дар мактабҳо коҳиш медиҳад.

Дар ҷамоати деҳоти Норин маркази нави хизматрасонии «Дӯстон» ифтитоҳ гардид. Маркази дуошёна бо маблағи 850 ҳазор сомонӣ бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда, 34 ҷойи кори доимӣ фароҳам овардааст. Ошёнаи аввал ба хизматрасонии гуногун ва дуюм барои баргузории чорабиниҳои оммавӣ пешбинӣ шудааст.

Дар идома раиси вилоят бо раванди кишти картошка дар заминҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муҳаммадамин-11» шинос шуд.

Дар ин хоҷагӣ кишти картошка дар 2 гектар замин оғоз гардида, корҳои саҳроӣ тибқи талаботи агротехникӣ ҷараён доранд. Раиси вилоят истифодаи самараноки замин ва таъмин намудани бозор бо маҳсулоти кишоварзиро муҳим арзёбӣ кард.

Ҳамзамон дар деҳаи Зафар роҳи нави маҳаллӣ бо паҳноии 15 метр ва дарозии 1,5 километр ба истифода дода шуд. Роҳ бо саҳми сокинон мумфарш гардида, ҳамчун қисми корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ амалӣ шудааст. Имсол дар ноҳияи Ёвон дар маҷмӯъ 70 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Ёвон корҳои созандагӣ ва рушди инфрасохтор бо суръати баланд идома дошта, барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ, таҳсил ва фаъолиятҳои иқтисодии сокинон тадбирҳои назаррас анҷом дода мешаванд.

 

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Декабрь 7, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид