Дар Риёз маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр дар ҳошияи Конфронси молиявии рушд дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба ҷалби маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва инфрасохтори иҷтимоӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони масъули Бонки исломии рушд, Фонди Қатар оид ба рушд, Фонди Кувайтии рушди иқтисодиёти Араб, Фонди Саудии Рушд, Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ, Фонди Абузабӣ оид ба рушд ва дигар созмонҳо иштирок доштанд.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода доир ба раванди маблағгузории сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҷараёни корҳои сохтмонӣ, иштироки сармоягузорон дар татбиқи лоиҳа ва дигар ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи ин лоиҳа маълумоти муфассал манзур намуд. Ҳамзамон оид ба корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ гузориши видеоӣ манзур карда шуд.
Масъулини созмонҳои молиявӣ бо назардошти аҳамияти минтақавии Неругоҳи барқи обии «Роғун» даъват карда шуданд, ки барои идомаи маблағгузории ин иншоот мусоидат намоянд.


Масъули Бонки исломии рушд, Фонди Қатар оид ба рушд, Фонди Кувайтии рушди иқтисодиёти Араб, Фонди Саудии Рушд, Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ, Фонди Абузабӣ оид ба рушд барои дастгирӣ ва маблағгузории ин иншооти муҳими минтақавӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Инчунин дар доираи баргузории ин чорабинӣ мулоқоти Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода бо Директори минтақавии Фонди Абузабӣ оид ба рушд барои кишварҳои Осиё Абдулло Алмансурӣ баргузор шуд. Абдулло Алмансурӣ омодагии фондро барои маблағгузории идомаи корҳои сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» баён дошт.
Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки масъалаҳои ҳамкорӣ ва иштироки Фонди Абузабӣ оид ба рушд дар маблағгузории иншооти барои ҷумҳурӣ афзалиятнок моҳҳои наздик тавассути баргузории вохӯриҳои алоҳида мушаххас ва матраҳ карда мешаванд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






