Дар Сеул Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд

Декабрь 16, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 16.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея, фаъолони ҷамъияти тоҷикони муқими Ҷумҳурии Корея ва донишҷӯёни тоҷик Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея  хабар доданд, бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуданд, сафорат тадбирҳои мушаххас меандешад.

Зимни баррасии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид, ки иҷрои босамар ва саривақтии дастуру супоришҳои таъкидшуда аз вазифаҳои афзалиятноки фаъолияти сафорат ба ҳисоб рафта, онҳо ба таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон, густариши ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин ҳифзу пешбурди манфиатҳои миллии мамлакат равона шудаанд.

Зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад».

«Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишварҳо ва ниҳодҳои шарик таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, барои идомаи иштироки фаъол дар заминаҳои гуногун дар оянда низ саъю талош хоҳад намуд»,- изҳор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

Декабрь 16, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Свердловски Русия мулоқот намуд
Дар Лондон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори идории ширкати «Wien Energy» мулоқот намуд