Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар Британияи Кабир мулоқот намуд

Февраль 27, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 27.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби «С5+1» дар бинои Парлумони Британияи Кабир мулоқоти донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни мулоқот бо ҳаёти донишҷӯёни тоҷик  ва таҳсили онҳо дар  муассисаҳои олии Британияи Кабир шинос шуд.

Ибрози умед гардид, ки ҷавонони тоҷик баъди муваффақона хатм кардани таҳсил ба Тоҷикистон баргашта, донишу малакаҳои андухтаашонро ба рушди Ватан равона хоҳанд кард.

Ҳамасола тавассути Стипендияи президентии «Дурахшандагон» ҷавонони тоҷик ба кишварҳои мутараққӣ, аз ҷумла Британияи Кабир ҷалб гардида, дар риштаҳои иқтисод, сиёсат ва забономӯзии маъруфтарин донишгоҳҳои ин кишварҳо таҳсил мекунанд.

Қобили тазаккур аст, ки дар ҳошияи ин нишаст Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Иветт Куппер Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм, таҳсилоти олӣ ва омӯзишӣ забони англисиро имзо намуданд. Ин санад барои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи илм ва маориф имконоти нав фароҳам хоҳад овард.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Февраль 27, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд